Шоҳиди мастурии гули қатраи шабнам бас аст
Чеҳраи Марями далели исмати Марям бас аст
Мушт обӣ мекунад хоби гаронро тору мор
Қатраи ашкии паии вайронии олам бас аст
Тифлро ҳоли падари ойӣна ибрат намост
Гӯшмоли одам аз баҳр банӣ одам бас аст
Гӯ надорад мотами мо бекасонро ҳеҷ кас
Ҳалқаи фитрок , моро ҳалқаи мотам бас аст
Тарк эҳсонаст эҳсони пеши мо озодагон
Тай кунад овозаи эҳсони худ ҳотам бас аст
Баъди азин даврони шӯҳрат аз сафолини ҷоми мост
То ба кӣ дар давр бошад номи ҷоми ҷам , басаст !
Бар нтобад миннати марҳами дили маҷрӯҳи мо
Захми моро хӯни гарми мо , ҳамон марҳам бас аст
Шоҳиди худбинии хубони дарин бстонсро
Бар сари зонуии гул , ойӣнаи шабнам бас аст
Хомшии оради призодони маъниро ба дом
Тӯшаи ғаввоси гўҳрҷўӣ , поси дам бас аст
Зуди сириҳои давлатро агар хоҳии далел
Аз сулаймон рӯй пинҳон кардани хотам бас аст
Ғам махӯр соиб агар нанишаст нақшат дар ҷаҳон
Аҳли маъниро зи олами ном чун хотам бас аст