Гӯши гирони қафасро накҳати гулшан бас аст

Дидаи канъонёнро буии пероҳан бас аст

Зулмати шабҳои ғамро лашкарӣ дар кор нест

Ин сиёҳиро фурӯғи бодаи равшан бас аст

Ақл биҷо мекунад по аз гилӣми худ дароз

Зарраро майдони ҷавлони дидаи равзан бас аст

Аз таназзул ме тавон додани фалакро хокмол

Хоксории сади роҳи ҷуръати душман бас аст

Сайле хомӯш созад Тифли бозигӯш ро

Ақли даъвии дорро як ратли марди афкан бас аст

Чун набошад дил ба ҷои худ , зира дом балост

Аҳли ҷуръатро либоси ҷанг , пероҳан бас аст

Нест соиби дидаи мо бар фурӯғи орият

Бекасонро шамъи болини дидаи равшан бас аст