Меҳри лаби ғаммозро домони поки ман бас аст

Пардаи пӯши моҳи канъони чоки пероҳан бас аст

Хори деворам , ваболи доман гул нестам

Ризқи ман назораи хушкии азин гулшан бас аст

Чун Зулайхо нест чашми ман ба ташрифи висол

Ҷомаи пӯшидаи ман , буии пероҳан бас аст

Кардаам таии риштаи тӯли амлро чун гиреҳ

Оби борикии маро дар ҷӯй чун сӯзан бас аст

Гар насозитар димоғамро ба пайғоми висол

Номаи хушкӣ барои об рӯй ман бас аст

Ҳасани ъолмсўз чун ахгари з худ дорад сапанд

Нили чашми захми ман хокистари гулхан бас аст

Гар силаҳӣ нест дар зоҳири маро чун бедилон

Сахти ҷониҳо марои зери қабои ҷавшан бас аст

Аз қафасгар бар наёрад ишқи сангини дили маро

Хорхори дил , гули ҷайбу канори ман бас аст

Ман гирифтам хона холӣ кардам аз бегонагон

Боиси ташвиши хотир , дидаи равзан бас аст

Каҳрабои қонеъи моро назар бар дона нест

Чашми моро барги коҳии соиб аз хирман бас аст