Бодаи марди афкани ман маънии равшан бас аст
Соғару минои ман калак ва дуот ман бас аст
Чун Зулайхои машрабони моро талош қурб нест
Дидаи ёқӯби моро буии пероҳан бас аст
Ошиқони парвонаи машрабро дарин ҳангома ҳо
Гар дил равшан набошад , чеҳраи равшан бас аст
То қиёмати хунбҳоии мо азон ваҳшии ғизол
Ин ки дасти афкандаи хӯни мо бар он гардан бас аст
Рӯй шарм олудро ороишӣ дар кор нест
Қатраи шабнами чароғи лоларо равған бас аст
Ҷомаи фатҳии маро чун бедилон дар кор нест
Сахти ҷонии зери пероҳани марои ҷавшан бас аст
Хона хилват насозад бар гунаҳи моро далер
Шармгинонро нигаҳбони дидаи равзан бас аст
Боиси дилсардии дилбастагони рангу буи
Дасти холӣ рафтани шабнами азин гулшан бас аст
Матлаб аз гулхани ҳамин ойӣнаи равшан кардан аст
Зери гардун чанд бошӣ эй дили равшан , бас аст
Тангтар аз остин гардид ҳангоми сафар
То ба кӣ хоҳӣ кашӣдан пой дар доман , бас аст
Риштаи тобӣ бар сбкрўҳон гаронӣ ме кунад
Сади роҳи исо аз боло рӯй сӯзан бас аст
Нест ҷузи малики ризои дороломонии хок ро
Чанд соиби даври хоҳӣ буд азон мأмн , бас аст