Аз замини оромиш ва аз осмони ҷавлон хуш аст
Нуқтаи по бар ҷои хушу паргори саргардон хуш аст
Юсуф беайбро пероҳанӣ дар кор нест
Сарви симин аз либоси орияти урён хуш аст
Аз тарӣҳои фалак беҳосилон хӯн ме хуранд
Ҳар киро дар хок тухмӣ ҳаст бо борон хуш аст
Ғофилонро тангнои хоки боғи длгшост
Пой хоб олудро бо гӯшаи домон хуш аст
Дидаи ойӣна аз хоби парешон фориғ аст
Олами пуршӯр дар чашму дили ҳайрон хуш аст
Нест базми бодаро бе гиряи мастии намак
Чеҳраи гулзори хандону ҳавои гирён хуш аст
Талхӣ аз дарёӣ бегавҳар кашӣдан мушкил аст
Гар умед васл бошад меҳнати ҳиҷрон хуш аст
Нест соиби ошиқонро шиква аз захми забон
Хол бо хати хўшнмоу чашм бо мижгон хуш аст