Оҷизӣ аз ошиқ , аз маъшӯқи таннозӣ хуш аст
Аз сапанди афтодан , аз оташи сарафрозӣ хуш аст
Кӯҳкан ҳайфаст Форғбол дорад теша ро
Нохунӣ то ҳаст дар каф , синаи пардозӣ хуш аст
Хӯни дил дар соғари равшандилон зебанда аст
Бодаи Широз дар минои широзӣ хуш аст
Хонаи ороӣ гронҷонӣаст бо мӯии сифед
Субҳ чун равшан шавад , аз шамъи сарбозӣ хуш аст
Сар ба пеш андохтан дар зиндагонии хўшнмост
Зери шамшери шаҳодати гардани афрозӣ хуш аст
Хонасозӣ , дар ба рӯй дили баровардан буд
Аз иморат , дар ҷаҳони хок , худсозӣ хуш аст
То насузад орзӯ , пардози дил беҳосил аст
Чун ба хокистари рисӣ , ойӣнаи пардозӣ хуш аст
Гуфтугӯ бо дил сиёҳон мекунад дилро сиёҳ
Шамъ агар бошад тарафи соиби забони бозӣ хуш аст