Ҳар ки шуд бо дарди қонеъ аз мудово фориғ аст
Наргиси бемор аз нози масеҳо фориғ аст
Тифли табъонро дил аз баҳри тамошо май дӯд
Ху ба азлат карда аз сайру тамошо фориғ аст
Хорхори орзӯ дар сина ушшоқ нест
Ҳар ки восил шуд ба матлаб , аз таманно фориғ аст
Нест бо хуршеди тобони ҳоҷати шамъу чароғ
Ҳар киро дил равшанаст , аз чашми бино фориғ аст
Сирчшмӣ мекунад дилро зи дунё бе ниёз
Гавҳари қонеъи з рӯй талхи дарё фориғ аст
Нисбати ориф ба хоку маснади давлат яке аст
Аз такаллуфи офтоби олами оро фориғ аст
Нест аз хоби парешони чашми бсмлро хабар
Маҳви ишқ , аз дидани авзоъи дунё фориғ аст
Олами саргаштагӣ дороломон раҳраваст
Гирдбод аз санги роҳу хори саҳро фориғ аст
Завқи кори ишқ , дорад ҷанг бо осӯдагӣ
Кӯҳкан аз иҳтимоми корфармо фориғ аст
Санг бар дарё задан , бозуии худ рнҷондн аст
Аз ғами олами дили хуши машраби мо фориғ аст
Мо ба худ соиби зи нодонии бисотӣ чида ем
Варна ишқ аз нестӣ ва ҳастӣ мо фориғ аст