Ин зи ҳиммати холӣ ва он аз табъ пар ме шавад

Дасти олии зини сабаби беҳтари зи даст соФл аст

Чун буд ангури ширин , бода гардад талх тар

намешавад девонагии комил , хирад чун комил аст

Хирман беҳосилон аз хӯшаи парвини гузашт

Донаи умеди соиб ҳамчунон зер гул аст

Ҳар ки бар дӯшаст бориш дар талош манзил аст

Роҳат манзил надорад ҳар ки бориш бар дил аст

Бас ки дилҳо аз тамошоӣ ту гардӣдааст об

Аз сари кӯии ту бе киштии гузаштан мушкиласт !

Панҷаи фӯлод май тобади нигоҳи аҷзи мо

Гар бибандади чашми моро , ҳақ ба даст қотил аст

Оҳӯии мишкӣн ба осонӣ намеояд ба дом

Дар каманд овардани хубони нўхт мушкил аст

Хотири Лайлии ғуборолуд ғайрат ме шавад

Варна пеши чашми маҷнӯн ҳар сиёҳӣ маҳмил аст

Дар канори ҷисми ҷонро аз кудурат чора нест

Хок май лӣсади забони мавҷ то дар соҳил аст

Ҳасанро худдорӣ аз изҳор монеъ ме шавад

Варна баҳри андалебони ғунчаи ҳам хунин дил аст

Дар замини поки мо реги равон ҳирс нест

Аз раги абрии муроди мазраъи мо ҳосил аст

Ҳеҷ чашмӣ дар ғубори серума ҳайрат мабод !

Зинда аз дарёст моҳӣу зи дарё ғофил аст

Ин ки даст улувваро аз сФл беҳтар гуфта анд

Ин каромат то напиндорӣ Ганаро ҳосил аст