Сафҳаи рухсор то содааст фард ботил аст

Хол то хати брнёрди дона беҳосил аст

Дастгоҳи ҳасрати ошиқи зи васл афзӯн шавад

Ҳосили сарв аз баҳори хуши смрбор дил аст

Бе қаророни бештар аз васл лиззат ме баранд

Шуъла то бар хеш меҷунбад шарар дар манзил аст

Заҳри ҷои бода май резад ба ҷоми дӯстон

Дӯстӣ бо чашми хунхори ту заҳр қотил аст

Заррае зон ҳасан оламгир набӯд бе насиб

Дидаи мо дар ғубор , ойӣнаи мо дар гул аст

Шуълаи ҷуволае ҳар шохи гулро дар қабост

Оташини рухсорае ҳар лоларо дар маҳмил аст

Кишвари тадбирро зер ва зибр созад қазо

Варна дар малики ризои Нӯшервон одил аст

Аз сбкрўҳон ба иқлӣми фанои пар роҳ нест

Мавҷ то бар хеш ҷунбидааст маҳв соҳил аст

Дил чаҳ медонад ки қадараш чист дар девони ишқ

Юсуфи нодидаи Миср аз қимати худ ғофил аст

Арзани анҷум наме резади зи дасташ бар замин

Аз сипеҳри сифлаи рӯзӣ хостан беҳосил аст