Ҷамъи дил дар олами асбоб кардан мушкил аст
Ҳифзи хирман дар раҳи сайлоб кардан мушкил аст
Рахнае аз ҳар бен мӯ ҳаст дар малики бадан
Ҳифзи ин манзили зи чандини боб кардан мушкил аст
намекунад кори намак бо дидаҳо мӯии сифед
Хоби осоиши дарин маҳтоб кардан мушкил аст
Чораи саргаштагии ҷузи лангар таслим нест
Сари бурун аз уқдаи гирдоб кардан мушкил аст
Ҳифзи сӯрат ме тавон кардан ба зоҳир дар намоз
Рӯй дилро ҷониби миҳроб кардан мушкил аст
намешавад осони зи ёди талхии субҳи хумор
Тавба ҳар чанд аз шароби ноб кардан мушкил аст
Чун саф мижгон тавонад ашкро монеъ шудан ?
Хорро сарпанҷа бо сайлоб кардан мушкил аст
Орифонро чашма кавсар насозад дили хунак
Ташнаи дидорро сероб кардан мушкил аст
Шармро натавон зи поси ҳасани ғофили сохтан
Давлати бедорро дар хоб кардан мушкил аст
Маст натавон кард зоҳидро ба сад ҷоми шароб
Ин замини хушкро сероб кардан мушкил аст
Хомшӣ дар олам обаст аз мастии ҳиҷоб
Гарчи тасхири нафас дар об кардан мушкил аст
Саҳл бошад рехтан дар шӯраи зори оби ҳаёт
Зиндагонӣ сарф хӯрду хоб кардан мушкил аст
Аз муаллим май баради ороми соиби Тифли шӯх
Зиндагонӣ бо дил бетоб кардан мушкил аст