Хонаи танро ба ҷони обод кардан мушкил аст

Бар сари реги равони бунёд кардан мушкил аст

Бесутуни паҳлуи тиҳӣ аз теша Фарҳод кард

Панҷа дар сари панҷаи фӯлод кардан мушкил аст

Дил сияҳ ногашта дар эҳёӣ ӯ таъҷил кун

Варна хӯни мурдаро эҷод кардан мушкил аст

Чун ба пои худ бурун оем ман аз зиндони ишқ ?

Зини дабистони Тифлро озод кардан мушкил аст

Нест мумкини бодаи гулгун ба ҳоли оради маро

Хонаи худро ба сайли обод кардан мушкил аст

Бехамӯшӣ нест мумкини дили забон овар шавад

Шамъи равшан дар гузори бод кардан мушкил аст

Оҳ каз нозуки мизоҷии пеши он бидодгар

Бастани лаби мушкилу фарёд кардан мушкил аст

эй ситамгари даст аз ислоҳи хат кӯтоҳ кун

Хомаи дохил дар хати устод кардан мушкил аст

эй ки гӯйӣ дар ҳарими каъбаи моро ёд кун

Дар ҳарими васли худро ёд кардан мушкил аст

Нест осон бар ҳавои нафаси худ ғолиб шудан

Чун сулаймони тахтгоҳ аз бод кардан мушкил аст

наме тавонам хоки навмидӣ ба чашм дом зад

Хӯни зи ваҳшат дар дили сайёд кардан мушкил аст

наме тавонам хоки навмидӣ ба чашм дом зад

Хӯни зи ваҳшат дар дили сайёд кардан мушкил аст

Гар напардозад ба ҳоли синаи дарду доғи ишқ

Соиби ин вайронаро обод кардан мушкил аст