Достони шавқро таҳрир кардан мушкил аст
Баҳрро аз мавҷ дар занҷир кардан мушкил аст
Банди пеши сайл безинҳор натавонад гирифт
Бе қарори шавқро занҷир кардан мушкил аст
Бо тиҳии чашмон чаҳ созад неъмат рӯй замин ?
Чашми равзанро зи партави сайр кардан мушкил аст
наме тавон зи афсона кардани чашми оҳӯро ба хоб
Чашми айёри турои тасхир кардан мушкил аст
Дастгирӣ нест периро ба ҷузи афтодагӣ
Ин куҳани деворро таъмир кардан мушкил аст
Хоби зоҳид талх гардӣдааст аз ёди биҳишт
Кӯдаконро тарки ҷӯии шер кардан мушкил аст
Гуфтугӯии аҳли ғифлати қобил таъвил нест
Хоби пои хуфтаро таъбир кардан мушкил аст
Маънии печида май печади забони тақрир ро
Ояи он зулфро тафсир кардан мушкил аст
Ҳаст зери осмони амнияти хотири маҳол
Хоби роҳат дар даҳони шер кардан мушкил аст
Бо сафи мижгони назарбозӣ на кор ҳар кас аст
Дидаро омоҷгоҳи тир кардан мушкил аст
Хат ғуборӣ нест каз ваии дил тавон бардоштан
Чораи ин хоки домангир кардан мушкил аст
Тишнагӣ натавон ба шабнами бурдан аз реги равон
Дидаи нодидагонро сайр кардан мушкил аст
Бо хаёли хушк то кӣ сар ба як болини нуҳум ?
Даст дар оғӯш бо тасвир кардан мушкил аст
Нест ҷузи таслими соиби ҳеҷ дармони ишқ ро
Панҷа дар сари панҷаи тақдир кардан мушкил аст