Ҳарзаи гӯро хомаш аз тақрир кардан мушкил аст
Шуъларо аз жожхоиии сайр кардан мушкил аст
Васфи он ориз мапурс аз чашм шарм олуд ман
Сӯрати нодидаро тасвир кардан мушкил аст
Шуд зи ангушти ишорати моҳи нави по дар рикоб
Синаро омоҷгоҳи тир кардан мушкил аст
Кист зон мижгони гиро дил тавонад пас гирифт ?
Панҷа дар сари панҷаи тақдир кардан мушкил аст
Қомати хами монеъи умр сбкрФтор нест
Обро аз мавҷ дар занҷир кардан мушкил аст
Нест осони тавба кардан аз шароби лолаи ранг
Дар ҷавонии хештанро пер кардан мушкил аст
Чун нафас дар зери гардун рост созад дидаи вар ?
Сар ба боло дар таҳи шамшер кардан мушкил аст
Бо хасисони даст дар як коса кардан саҳл нест
Туъмаи берун аз даҳони шер кардан мушкил аст
Нест чун сарв аз либоси фақри моро шиква Эй
Рахт бар озодагони тағйир кардан мушкил аст
Ҳасан дар ҳар ҷилваи сар аз равзанӣ барме кунад
Партави хуршедро тасхир кардан мушкил аст
Айби ман аз содаи лавҳиҳои ман бепарда шуд
Мӯии пинҳон дар миёни шер кардан мушкил аст
Бар намеояд зи саҳрои пари оташи неи савор
Гуфтугӯии ишқро таҳрир кардан мушкил аст
Оҳ аз дарди гарон бехост май хезади зи дил
Дар камони сахти ҳифзи тир кардан мушкил аст
Брнёиди равған аз ҷўзӣ ки бе мағзи аўФтод
Хобҳои пучро таъбир кардан мушкил аст
Соиб аз реги равон саҳласт бурдани тишнагӣ
Дидаи нодидагонро сайр кардан мушкил аст