Дидан рӯй ту зулмаст ва надидан мушкил аст

Чидан ин гул гуноҳаст ва начидан мушкил аст

Ҳар чаҳ ҷуз маъшӯқ бошад парда бегонагӣ аст

Буии Юсуфро зи пероҳани шунидан мушкил аст

Нест аз ҷӯши шаҳидони теғро майдони захм

Дар сари кӯяш ба коми дил тапидан мушкил аст

Ломакон бар ваҳшёни ишқ танагӣ ме кунад

Дар фазои осмон аз худ рамидан мушкил аст

Бе чироғони таҷаллии таври санг тафриқа аст

Каъбау бтхонаҳро беёр дидан мушкил аст

Ғунчаро боди сабо аз пӯст май оради бурун

Бе насими шавқ , пероҳан даридан мушкил аст

Бар надорад мива то хомаст даст аз шохсор

Зоҳиди нопухтаро аз худ баридан мушкил аст

Ҳар ки дар қайди худороӣ гиреҳ гардид , монад

Обро аз панҷаи гавҳар чакидан мушкил аст

Ақлу дайну дили дарин савдо кам аз байъона аст

Бо чунин сармояи Юсуфро харидан мушкил аст

Беқаророн ҳар нафас дар олимӣ ҷавлон кунанд

Ҳамчуи буии гул ба як ҷо орамидан мушкил аст

Мотами Фарҳоди кӯҳи бесутунро серума дод

Бе ҳам овозии нафас аз дил кашӣдан мушкил аст

Дар гулистонӣ ки буии гул гаронӣ ме кунад

Бо қафас бар андалеби мо паридан мушкил аст

Чашми худбинӣ ба ҳар нокарда корӣ дода анд

Кори олам кардан ва худро надидан мушкил аст

Бозуии ҳиммати заъифу теғи ҷуръати шишаи дил

Бо силаҳии ин чунин аз худ баридан мушкил аст

То гумони неш хорӣ ҳаст дар дашти вуҷӯд

Ҳамчуи хӯни мурдаи як ҷо орамидан мушкил аст

Сояи боли ҳумо дар қабза тасхир нест

Домани давлат ба сӯй худ кашӣдан мушкил аст

Ҳар сари мӯии туро бо зиндагии пиўндҳост

Бо чунин дилбастагӣ аз худ баридан мушкил аст

Бо қиёмат пок кун ӣнҷои ҳисоби хеш ро

Бар замин аз шарми исён хат кашӣдан мушкил аст

Дар ҷавонӣ тавба кун то аз надомати брхўрӣ

Нест чун дандон , лаби худро гузидан мушкил аст

Манзили нақли макони мости авҷи ломакон

Осмонҳоро ба гирди мо расӣдан мушкил аст

Чун сулаймонро набошад рашк бар аҳволи мӯр ?

Бори оламро ба дӯш худ кашӣдан мушкил аст

наме тавон рози даҳони ёрро тафсир кард

Дар назокатҳои фикри мо расӣдан мушкил аст

То нагардад ҷазбаи тавфиқи соиби дастгир

Аз гули таъмир , пой худ кашӣдан мушкил аст