Хат ба гирди оризи дилдор дидан мушкил аст
Домани гулро ба дасти хор дидан мушкил аст
Гарчи чун домони Юсуфи домани глҳости пок
Чок дар пероҳани гулзор дидан мушкил аст
Нест аз мастӣ , занамгар шишаи холӣ ба санг
Ҷилваи гоҳи ёрро беёр дидан мушкил аст
Аз ҳуҷуми қамарён бар сарв май сӯзади дилам
Дӯши озодон ба зери бор дидан мушкил аст
Дидани зангор бар ойӣнаи чандон бор нест
Тӯтӣонро хомаш аз гуфтор дидан мушкил аст
Гарчи мустағнӣаст аз ороиши он ҳасани тамом
Ҷои гули холӣ бар он дастор дидан мушкил аст
Зоҳидии таклиф майро гарчи қобил нестанд
Душманони хешро ҳушёр дидан мушкил аст
наме тавон бо пой хоб олуд манзилҳо бурид
Пеши по бо давлати бедор дидан мушкил аст
Ҷинат аз сарчашмаи кавсар буд бо обу тоб
Базм май бар соғари саршор дидан мушкил аст
Гарчи соиби покдомонии нигаҳбон гул аст
Андалеби маст дар гулзор дидан мушкил аст