Решаи мо дар замини хоксорӣ муҳкам аст
Гулбуни умеди мо дар чори мавсим хуррам аст
Домани маҳшар ба фарёди сиришк мо расад
Остини танги майдон , гиряи моро кам аст
Чашми ҷӯад аз равшанони олами болои мадор
Дидаи хуршед , муҳтоҷи сиришк шабнам аст
Косаи ҳамсоя по дорад , ба мо ҷомӣ бидиҳ
Давр шояд бар муроди мо бигардад , олам аст
Ба ки дар ҷайб намад ойӣнаро пинҳон кунем
Олам аз ҷаҳли мураккаби як савод аъзам аст
Истиқомат аз мизоҷи офариниш рафта аст
Бештари раду қабули аҳли олам тавъам аст
Дар ба рӯй сӯрати девори нгшоиими мо
Ҳар ки дорад ҳасани маънӣ дар дили мо муҳаррам аст
Аз баёзи гардан ӯ , фард берун карда Эй аст
Фарди хуршедӣ ки сари лавҳи китоб олам аст
Ман ки соиби поки гавҳартар зи теғ афтода ам
Риштаи корам чаро чун зулфи ҷавҳар дарҳамаст ?