Нест мардум ҳар киро нақш ванигор мардум аст

Мардумӣ ҳар кас ки дорад дар шумор мардум аст

Қалъаи фӯлоду ҳсни оҳанӣ дар кор нест

Чашми пӯшидани зи офатҳо ҳисор мардум аст

Чун нигоҳи он кас ки худро соф кард аз парда ҳо

Дар миён мардумаст ва дар канор мардум аст

Худнамое дар либоси орият зебанда нест

Моя бе эътибории эътибор мардум аст

Аз сбкрўҳии тавон дар чашм мардум шуд азиз

Бор бар дилҳо буд ҳар кас ки бор мардум аст

Сайқали ойӣнаи длҳости даст бе тамаъ

Сарв аз озодагии боғу баҳор мардум аст

Иду наврӯзи муборакро буд айни алкмол

Диду водидӣ ки ойину шиор мардум аст

Нест ғайр аз сайди манзур аз камӣни сайёд ро

Гӯшагирӣ бештари баҳри шикор мардум аст

Ранг натавонанд мардум дид дар рӯй касе

Лола аз рухсори рангини доғдор мардум аст

намешавад бепарда ҳар каси парда мардум дарид

Пардаи дори хеши соиби пардаи дор мардум аст