Дар биёбоне ки хораши ташнаи хӯн хӯрдан аст
Пой дар доман кашӣдан гул ба доман кардан аст
Ризқи мо чун шабнам аз рангини изорони чаман
Бо камоли қурб , дандон бар ҷигар афшурдан аст
Чун садафи домани гиреҳ кардан ба домони гуҳар
Дар гиребони душмани хунхорро парвардан аст
Ху ба азлат кун ки дар баҳри пари ошӯби ҷаҳон
Гӯшагирӣ киштии худро ба соҳил бурдан аст
Маънии нозук ба осонӣ намеояд ба даст
Печу тоби ҷавҳар ҳар шамшер аз хӯн хӯрдан аст
Умр дар тамҳиди асбоби сафар зойеъ макун
Тӯшае гар ҳаст роҳи ишқро , дил хӯрдан аст
Нест роҳӣ аз дилу дайн бохтан наздиктар
Дар қимори ишқ ҳар касро ки майл бурдан аст
Сар ба ҷайби хомшии бурдани дарин ошӯбгоҳ
Аз хами чавгони гардуни гӯии берун бурдан аст
Аз таъаммули пояи маънӣ ба гардун ме расад
Сарфарозии нахлро соиби зи по афшурдан аст