Ваҷди боли шоҳбози ҷони зи ҳам во кардан аст

поикӯбии зиндагиро дар таҳи по кардан аст

Ҷӯши битобӣ задан дар оташи ваҷду самоъ

Шираи ҷонро зи дарди тани мусаффо кардан аст

Маҳмили ҷонро ба манзил беқарорӣ май барад

Бодбони киштии дили дасти боло кардан аст

Дар тариқи ишқи сустии санги роҳ солик аст

Соҳили ин баҳри хунини дил ба дарё кардан аст

Мазҳабу машраб ба ҳам омехтан чун орифон

Дар фазои муҳраи гул , сайри саҳро кардан аст

Сарфи дунё кардани авқоти азизи хеш ро

Моҳи канъонро ба сими қалби савдо кардан аст

Ҳеҷ корӣ барнаме ояд зи пои оҳанӣн

Қатъи роҳи ишқ дар қатъи таманно кардан аст

Дар ҳавои симу зари дилро парешони сохтан

Баҳри коғази бод , мусҳафро муҷаззо кардан аст

Сайри бозӣгоҳи олами Тифл табъон ме кунанд

Чашми ҳақи байнро чаҳ пурвои тамошо карданаст ?

Пай ба канаи хеши бурдани кор ҳар безарф нест

Худшиносии баҳрро дар қатраи пайдо кардан аст

Марг аз қатъи таъаллуқи ногувори тбъҳост

Фақри заҳри нестӣ бар худ гуворо кардан аст

Худписандӣ дар ба рӯй худ баровардан буд

Бихўдии пеш аз сафари худро муҳайё кардан аст

Ҷамъ кардан аз парешонеи ҳавоси хеш ро

Аз паии сайди маъонии доми пайдо кардан аст

То дарин мотами саро чун гули назар во карда ем

Ъушрати мо ханда бар авзоъи дунё кардан аст

Синаро аз дарду доғи ишқи гулшани сохтан

Пеши мо соиби замини мурдаи эҳё кардан аст