Хирқаи озодагони чашм аз ҷаҳон пӯшидан аст
Кисвати ин қавм аз дастори сар печидан аст
Сахт рӯе мешавад санги Фсони шамшер ро
Хоксорӣ рӯй душман бар замин молидан аст
Аз тиҳӣ мағзӣаст умеди кушод аз моҳи ид
Нохун танҳо барои пушти сар хоридн аст
Мо ҳиҷоби олӯдагонро ҷуръат парвона нест
Гирди сари гардидани мо , гирди дил гардидан аст
Сарфарозии чашми бад бисёр дорад дар камӣн
То буд равшан , мадори шамъ бар ларзидан аст
Арз додани ҷинси худ бар мардуми болиғи назар
Дар тарозуии қиёмати хешро санҷидан аст
Сарф кардани зиндагӣ дар хизмати озодагон
Зери пои сарв чун оби равон ғлтидн аст
Аз гудози шамъ равшан шуд ки дар базми вуҷӯд
Рӯзии равшандилони ангушти худ хоидан аст
Дар муҳаррам то чаҳ хӯнҳо дар дил мардум кунад
Меҳнати ободӣ ки идаши дрбдр гардидан аст
Барги ҷамъият ба аз резиш надорад ҳосилӣ
Гар гулобӣ ҳаст ин гулро , зи ҳам Пошидан аст
Санг Тифлон мекунад хуши вақти маҷнӯни маро
Кори Кебеки маст дар кӯҳу камар хандидан аст
Аз хамӯшӣ ме тавон соиб ба маънии роҳи барад
Мояи ғаввоси гавҳарҷуи нафас дуздӣдан аст
Хобро соиб макун бар дида аз шабгири талх
Чораи кӯтоҳии ин раҳ ба худ печидан аст