Дидаи шабнамгар аз рӯй гулистон равшан аст

Чашми гирёни ман аз рухсори ҷонон равшан аст

Равшан аз хуршед тобонаст агар рӯй замин

Зулмати ободи дил аз ойӣнаи рӯйон равшан аст

намекунад дилро сияҳ , рӯе ки шарм олуд нест

Маҳфили мо аз чароғи зери домон равшан аст

Гиря аз ойӣна дил мезадойад тирагӣ

Шамъи чандоне ки чашмаш ҳаст гирён равшан аст

Ҳасани комилро ба аз ҳайрат набошад шоҳидӣ

Роҳати қурбониён аз чашми ҳайрон равшан аст

Бар мазори ошиқон гар нест шамъӣ гӯ мабош

Каз дили хўнгрми худ хоки шаҳидон равшан аст

Қисмат мо нест аз субҳи ватани ҷузи тирагӣ

Чашми мо аз серумаи шоми ғарибон равшан аст

Кор гуё мекунад кӯтаҳи забони лоф ро

Ҷавҳари шамшер аз захми намоён равшан аст

наме тавон раҳи бурдан аз унвон ба мазмуни нома ро

Халқи соҳибхона аз симои дарбон равшан аст

Дар ҳарими зулфи худ боди саборо раҳи мада

Каз дили сӯзони ошиқи ин шабистон равшан аст

Гар шавад равшани зи меҳру маи сарои дигарон

Хонаи аҳли карами соиби зи меҳмон равшан аст