Бо ҳиҷоби ҷисми хокии ҷони равшан душман аст

Мағз чун гардид комили пӯст бар тан душман аст

Бар ту талх аз тан парастӣ шуд раҳи борӣки марг

Риштаи фарбеҳ ба чашми танги сӯзан душман аст

Мо дарин зулмати саро аз дили сиёҳӣ монда ем

Варна ҳар ойӣнаи равшан ба гулхан душман аст

Рӯҳ ҳайҳотаст лангар дар тан хокӣ кунад

Шоҳбози ломаконӣ бо нишеман душман аст

Ҷони фонӣ ҷанг дорад бо замину осмон

Ин шарор кам бақо бо сангу оҳан душман аст

Дар нагирад суҳбати ойӣнау зангӣ ба ҳам

Осмони нилгун бо ҷони равшан душман аст

Бо тааюн ҷанг дорад машраби фақру фано

Бо ҳубобу мавҷи ин дарёии равшан душман аст

Ҷавҳари шамшери ман банди забони ъибҷўст

Хӯни худро мехӯрд ҳар кас ки бо ман душман аст

Юсуфи мисрӣ ба чоҳ аз доман ихвон фитод

Эминӣ ҳар кас ки меҷӯяд ба мأмн душман аст

Офтоб аз авҷи иззат май наад рӯ дар завол

Сода лавҳаст он ки бо иқболи душман душман аст

Аз тиҳии чашмони ҳузури дил ба ғорат ме равад

Гӯшаи гири офият бо чашми равзан душман аст

Суҳбати рангини либосон беғамӣ ме оварад

Булбули дарди ошнои мо ба гулшан душман аст

Худ магар аз ҷомаи фонӯс , шамъ ояд бурун

Варна даст бе ниёзи мо ба доман душман аст

Оҳи ман хам дар хам афлок дорад рӯзу шаб

Ҳар ки соиби бод даст уфтад ба хирман душман аст