Мардуми бидрдро дил аз шикастан эмин аст

Гӯшаи ин фарди ботил аз шикастан эмин аст

Бо дил огоҳ дорад кори ишқи сангдил

Бештари дилҳои ғофил аз шикастан эмин аст

Дона нашикаста медорад хатар аз Асия

То дурустӣ нест бо дил аз шикастан эмин аст

Дар гузар аз пайкари хокӣ ки киштӣ дар муҳӣт

То наёрад рӯ ба соҳил аз шикастан эмин аст

Чун ба ҳам пайвасти дилҳо сад оҳан ме шавад

Тавбаи ёрони икдл аз шикастан эмин аст

Ишқи кор мумиёе мекунад бо раҳравон

Пой ҳар кас шуд дарин гул аз шикастан эмин аст

Пардаи шармӣ агар бо офтоб ҷӯад ҳаст

Ранг бар рухсори соил аз шикастан эмин аст

Маҳв натавон кард аз дили печу тоби ишқ ро

То қиёмати ин слосл аз шикастан эмин аст

Ҳар куҷо соиб шавад саттории ҳақи пардаи пӯш

Ранги даъвӣҳои ботил аз шикастан эмин аст