Ёри роҳ шикваам аз чини абрӯ баста аст

Пеши ин сайлоби оташро ба як мӯ баста аст

намезанад бисёр роҳи дайну дил чун раҳзанон

Пардае каз шарми он айёр бар рӯ баста аст

Нест Лайлии ғофил аз аҳволи дурафтодагон

Гирди маҷнӯни ҳалқаҳо аз чашми оҳӯ баста аст

Вақти тасвири даҳони ёр , наққоши азал

Аз миёни нозук ӯ хомаи мӯ баста аст

Бӯсаҳо бар даст худ додааст меъмори азал

То ба иқболи баланди он тоқи абрӯ баста аст

намезанад тӯли амл аз содагии нақшӣ бар об

Варна оби зиндагониро ки дар ҷӯ бастааст ?

Пила тан нест ҷои лангари ҷони азиз

Дили абас бар суҳбати Юсуфи тарозу баста аст

Соиб аз андешаи малики сулаймон фориғ аст

Ҳар ки дил дар чини зулфи он прирў баста аст