Аз ғубори ҷисми ҳоилҳо ба ҳам пайваста аст

Варна он ҷони ҷаҳон бо мо ба ҳам пайваста аст

Файзи баҳри раҳмат аз хокии ниҳодони нгслд

То ба соҳили мавҷи ин дарё ба ҳам пайваста аст

Васл , ҳиҷронаст агар дилҳо з якдигар ҷудост

Ҳиҷр , бошад васл агар дилҳо ба ҳам пайваста аст

Сад биёбон дар миён доранд аз бе нисбатӣ

Гар ба зоҳир ки бо саҳро ба ҳам пайваста аст

Афсари зар , шамъро даии қайд раъное фиканд

Саркашӣу давлати дунё ба ҳам пайваста аст

Қурби некон бебасиратро насозад дидаи вар

Варна сӯзан низ бо исо ба ҳам пайваста аст

Чун алиф дар мади бисмии аллоҳ аз иқболи баланд

Ҷони мо бо он қади раъно ба ҳам пайваста аст

Дар ҷигаргоҳи замини як лола бедоғ нест

Дили сиёҳӣ бо май ҳмро ба ҳам пайваста аст

Хандаи биҷости барқи гиря бе ихтиёр

Ашки талху қҳқаҳи мино ба ҳам пайваста аст

Аз тани хокӣ чу мӯ осон барояд аз хамир

Рӯҳ агар бо олами боло ба ҳам пайваста аст

Бими гумроҳии зи васли каъбаи санги роҳи мост

Гарчи чун занҷири нақши по ба ҳам пайваста аст

Брнёид аз замини шӯри соиби тухми пок

Вой бар он дил ки бо дунё ба ҳам пайваста аст