Ҷилва ҳар ҷои ёр бо пой нигорин карда аст
Нақши поиши хокро домон гулчин карда аст
Ришта сбҳаҳаст ҳар тории зи зулфи кофараш
Бас ки тороҷи дили он ғоратгар дайн карда аст
Кардааст аз содагии маҳзар ба хӯни худ дуруст
Боли худро ҳар ки чун тоўс рангин карда аст
Қофро дар дида ҳо кардааст бевазну сабк
Пилаи нози турои он кас ки сангин карда аст
Ҳар ки огоҳаст аз трдстии пери Муғон
Чун сабу аз дасти хушки хеш болин карда аст
Кардаам ангури ширинро шароби талхи ман
Хӯни худро машк агар оҳӯӣ мишкӣн карда аст
Субҳ бархезад сабӯҳӣ карда аз хоби гарон
Ҳар ки вақти хоб , минои шамъ болин карда аст
Ғифлати моро сабаби умри сабки ҷавлон шуда аст
Хоби моро ин садои об сангин карда аст
Мо азон ҳалам гаронсангем дар исёни далер
Кебеки моро ҳарза ханд он кӯҳ тамкин карда аст
Ҳар ки соиб дорад аз дунёи тамаъи осӯдагӣ
Фикри хоби офият дар хона зин карда аст