Аз ҷавонии доғҳо бар синаи мо монда аст
Нақши пое чанд аз он тоўс бар ҷо монда аст
Дар бисоти ман зи анқои сабки парвози умр
Хоби сангинӣ чу кӯҳи қоф бар ҷо монда аст
Нест аз чашму дили бинои марои ҷузи дарду доғ
Зулмат аз хуршеду хафоаш аз масеҳо монда аст
намекунад аз ҳар сӯ мӯем сифедӣ , роҳи марг
Поем аз хоби гарон дар санги хоро монда аст
Чун нисоем даст бар ҳам , каз шумори нақди умр
Занги афсӯсӣ ба дасти боди паймо монда аст
Нест дар дастам ба ҷузи афсӯс аз умри дароз
Сӯзанӣ аз риштаи Марям ба исо монда аст
Навбати парвоз аз болам ба чашм афтода аст
Тӯтӣам чун сабзаи оҷиз дар таҳи по монда аст
Нест ҷузи тӯли амл дар кафи маро аз умри ҳеҷ
Аз китоби ман ҳамин шероза бар ҷо монда аст
Мушт хошокӣаст бар ҷои монда аз сайлоби умр
Дар дили ман хори хорӣ каз таманно монда аст
Матлабаш аз дидаи бино , шикор ибрат аст
Варна соибро чаҳ пурвои тамошо мондааст ?