Мардумӣ дар тинати аҳли ҷаҳон кам монда аст
Сӯрат бемаънӣӣ бар ҷои зи одам монда аст
Номи шоҳон аз асар дар давр мебошад мудом
Шоҳиди ин гуфтугӯ ҷомӣаст каз ҷам монда аст
Бесухан бар домани покаш гувоҳӣ ме диҳад
Нусхае каз рӯй шарм олуд Марям монда аст
Хиради мшмри ҷурмро каз хӯрдани гандум ба хулд
Синаи чокӣ ба фарзандони одам монда аст
Номи боқӣ дар заволи моли фонӣ баста аст
Каз саховат бар забонҳо номи ҳотам монда аст
эй ки май пурсӣ зи суҳбатҳо гурезоне чаро
Дар бисотами вақти зойеъ карданӣ кам монда аст
Ом гардӣдааст бе дардии миёни мардумон
Ҳарфӣ аз дарди сухани соиб ба олам монда аст