Дар биҳиштаст он ки чашмаш аз ҷаҳон пӯшида аст
Бар сар ганҷаст пое каз талаб хобида аст
Гӯшаи азлати зи суҳбатҳо маро дилсард кард
Хоки соҳили тўтёии чашми тӯфон дида аст
Дил ки чун сӣ пора аз касрат парешон гашта буд
Ҷамъ гардӣдааст то суҳбати зи ҳам пошида аст
Орзӯро дар дил ҳар кас ки барқи ишқи сӯхт
Фориғ аз нашаву намо чун мӯии оташ дида аст
Ҳасани мағрури ту бе парвост , варна офтоб
Дар дил ҳар зарра аз кўчкдлӣ гунҷида аст
Зон зи арзи ҳоли хомӯшам ки хуии тунд ӯ
Рӯй оташро мукаррар бар замин молидаа аст
Кард ҳар касро ки чашми оқибати байни тарбият
Дар тарозуии қиёмати хешро санҷида аст
Аз зар ва симаст соиби барги айши мумсикон
Сикка хандонаст то бар симу зар часбида аст