Атри он гули перҳан то дар ҳаво печида аст

Буии гул дӯдӣаст дар мағзи сабо печида аст

Сарви симини ту то яктои пероҳан шуда аст

Барги гул аз ғунчаи худ дар қабо печида аст

Аз арақ ҳар ҳалқаи чашм гиря олудӣ шуда аст

То сари зулфаш дигар даст киро печидааст ?

Бар лаби оби бақо аз тишнагӣ ҷон ме диҳад

Даст ҳар касро ки ҳайрат бар қафо печида аст

Дар ғубори хотири мо , нолаҳои хўнчкон

Ҳамчуи буии хӯн ба хоки Карбало печида аст

Май шуморади пардаи бегонагии гулзор ро

Ҳар ки аз гул дар насими ошно печида аст

Бо ту золим дар намегирад фусуни аҷзи мо

Варна гӯши осмонро оҳи мо печида аст

Панҷаи мумин мо сарпанҷаи фӯлод ро

Борҳо аз роҳи таслиму ризо печида аст

Эҳтиёҷи устихон бар икдгр хоҳад шикаст

Нихватӣ каз соя дар мағзи ҳумо печида аст

Нест соиби домани афлоки рангин аз шафақ

Хӯни мо афлокро бар дасту по печида аст