Ишқи болои даст бар хок аз вуҷӯд мо нишаст

Аз гуҳари гирди ятемӣ бар рух дарё нишаст

Ишқи тан дар суҳбат мо дод аз бе одамӣ

Кӯҳи қоф аз бе касе дар соя анқо нишаст

Захми маҷнӯн тоза хоҳад шуд ки аз савдои мо

Турфаи шоҳинӣ дигар бар сина саҳро нишаст

Роҳ ишқаст ин , ба оташи поеи худ пари мноз

Хори ин водии мукаррари барқро дар по нишаст

Ҷисми хокӣ дар сафоӣ дил наяндозад халал

Бода осӯдааст аз гардӣ ки бар мино нишаст

Нест тоби ҳамнафаси ойӣнаҳои соф ро

Зуд мегардад гарон , абрӣ ки бо дарё нишаст

Хор дар чашмаш , агар ҳангома афрӯзӣ кунад

Чун шарар ҳар кас тавонад дар дил хоро нишаст

Кард раънои ҳамчуи оташи болу парвози маро

Дар тариқи ишқ агар хории маро дар по нишаст

Куфру дайни равшани замиронро намесозад ду дил

Кӣ шавад шабнами дурӯ ,гар бар гул раъно нишаст ?

Занг худбинӣ гирифт ойӣнаи бенаӣ аш

Ҳар ки соиби як нафас бо мардум дунё нишаст