То арақ аз май бар он рухсори ҷон парвар нишаст
Дар биҳишт аз ҷӯши даъвии чашма кавсар нишаст
Рӯ нагардонид хол аз рӯй отшнок ӯ
Ин сапанд аз хирагӣ дар дида миҷмар нишаст
То ба мижгони он нигоҳи гарм дар дил ҷой кард
Ин хаданги ҷонстон дар синаам то пар нишаст
Ҳалқаи берун дар шуд он дил чун санг ро
Печу тоби ман ки дар фӯлод чун ҷавҳар нишаст
Шабнами моро касе аз қурби гул монеъ набӯд
Аз адаб чун ҳалқаи чашми мо бурун дар нишаст
Буд аз хотам бар ӯ малики сулаймони тангтар
Дар дил чун шишаам чун он парӣ пайкар нишаст ?
Дил чу аз ҷо рафт бар гардондан ӯ мушкил аст
Чун шарар бархест натавонади зи по дигар нишаст
Хонаи дарбастаи дилро монеъ аз кулуфт нашуд
Дар садафи гирди ятемӣ бар рух гавҳар нишаст
Аз гронҷонии дил мо монад дар зиндони тан
Киштии мо дар гул аз бисёре лангар нишаст
Мушти хоки мо зи бедоди фалак аз ҷо нарафт
Кӯҳи зери теғи натавонад ба ин лангар нишаст
По ба домани каш ки чун парвона ҳар кас бе талаб
Рафт дар маҳфил , з бе қадре ба хокистар нишаст
Нест соиби маҳфили оташи забонони ҷои лоф
Ҳар ки бол ва пар гушӯд ӣнҷо , ба хокистар нишаст