Бодаи хӯни мурдаро райҳон кунад дар зери пӯст
Устихонро панҷа марҷон кунад дар зери пӯст
Ҳаст агар умеди васлӣ дил намемонад ғамин
Шавқи шукри пистаро хандон кунад дар зери пӯст
Ҳар ки аз таъҷили айёми баҳорон огаҳ аст
Ҳамчуи гули барги сафар сомон кунад дар зери пӯст
Нарм кун дилро ба оҳи оташин кин мушти хӯн
Сахт чун шуд ҷилва пайкон кунад дар зери пӯст
Лиззатӣ дорад кабоби дил ки завқ хӯрданаш
Устихонро як қалам дандон кунад дар зери пӯст
Гарм гардад роҳрав чун набз роҳ ояд ба даст
Нештар хӯнро сабк ҷавлон кунад дар зери пӯст
Нест ошиқро ғами рӯзӣ ки ишқи чрбдст
Хӯни дилро неъмат алвон кунад дар зери пӯст
Худнамоеи лозими навкисагон афтода аст
Хурдаи зари ғунчаро хандон кунад дар зери пӯст
Хирқа пашмин нагардад пардаи соҳибдилон
Хӯн чу машк ноб шуд тӯфон кунад дар зери пӯст
Май намояди барқ аз абри баҳорони хеш ро
Ишқро ошиқи чисон пинҳон кунад дар зери пӯст
Бо хаёл аз ориз ӯ сулҳ кун кин офтоб
Дидаи пӯшидаро гирён кунад дар зери пӯст
Ҳасанро машшотае соиб ба ғайр аз ишқ нест
Шӯри булбули ғунчаро хандон кунад дар зери пӯст