Чун шавад фарбеҳ , намонад рӯҳи пинҳони зери пӯст

Май дард , чун мағз комил шуд , гиребони зери пӯст

Ғайритӣ кун аз либоси чархи миноеи броӣ

То ба кӣ чун ғунча битавон буд пинҳони зери пӯст ?

Занги ғифлат аз дилаш натавон ба сайқал ҳо задуд

Ҳар ки бошад ҳамчуи мағзи пистаи пинҳони зери пӯст

Пухтаи шӯ чун мағз дар дарёии шукри ғӯтаи зан

Чанд битавон буд аз хомӣ ба зиндони зери пӯст ?

Покдомонӣу машраби ҷамъ кардан мушкил аст

Саҳл бошад гул барояд покдомони зери пӯст

Фориғаст аз пӯст ханд ъибҷўёни ҷаҳон

Ҳар ки аз шарм ва ҳаё дорад нигаҳбони зери пӯст

Ҳар қадари дил бо сафо бошад зи азлат чора нест

Мағз бо он лутф меояд ба сомони зери пӯст

Ҳаст дар шаръи адаби хунаши ҳадар чун гӯсфанд

Ҳар ки чун маҷнӯн равад дар кӯии ҷонони зери пӯст

Дар хазони сайр баҳорон мекунад бе интизор

Ҳар ки аз доғ ниҳон дорад гулистони зери пӯст

Аз Суҳайлу миннати рангин ӯ осӯда ам

Ман ки чун миноӣ медорам Бадахшони зери пӯст

Зуд бошад дар ба рӯйиш во шавад аз шаш ҷиҳат

Ҳар ки бошад ҳамчуи барги ғунчаи печони зери пӯст

Маънӣ инсон нагунҷад аз бузургӣ дар ҷаҳон

Содаи лавҳи он кас ки гуяд ҳаст инсони зери пӯст

Пӯст зиндонаст чун зӯри ҷунун ғолиб шавад

Чун басар май баради маҷнӯн дар биёбони зери пӯст ?

Аз сафоҳон чун барояд ҷавҳараш зоҳир шавад

Ҳаст ҳамчун мағзи соиб дар сафоҳони зери пӯст