Ҷони ошиқи қадари доғ ва дард медонад ки чист

Сиккаи комили айёрон мард медонад ки чист

Пой кӯбон рафт азин саҳрои ваҳшати гирдбод

Қадари танҳоӣ бёбонгрд медонад ки чист

Чеҳраи заррини кушояди оби раҳм аз дида ҳо

Меҳри тобони қадари ранг зард медонад ки чист

Хати зи роҳи хоксории ҳасанро тасхир кард

Рутбаи афтодагиро гирд медонад ки чист

На з бедардӣастгар ошиқ надонад қадари дард

Ҳарки шуд бедард , қадар дард медонад ки чист

Дарди ҷонкоҳи марои давр аз ҳузури дӯстон

Ҳарки гардӣдааст беҳамдард медонад ки чист

Соиб аз дили занги зулматро зудудан саҳл нест

Субҳи содиқи қадари оҳ сард медонад ки чист