Шавқ чун реги равон манзил намедонад ки чист
Мавҷи ин дарёи лаб соҳил намедонад ки чист
Дар фазои дашт бо сарсар саросар ме равад
Шамъ бе пурвои мо маҳфил намедонад ки чист
Ҷисми моро дар хок дар оғӯш натавонад гирифт
Гирдбоди осоиш манзил намедонад ки чист
Гавҳари осон чун ба даст уфтад надорад эътибор
Қимати доғи ҷунунро дил намедонад ки чист
Ҳар куҷои вайронаеро ёфт , манзил ме кунад
Шавқи моро сайли по дар гул намедонад ки чист
Соиб аз хоки шаҳидони шамъ равшан ме шавад
Сарди гардидани чароғ дил намедонад ки чист