Ҳасани қадари дидатарро чаҳ медонад ки чист

Тифли обу ранги гавҳарро чаҳ медонад ки чист

Нест дасти хушкро аз набзи ҷонҳо огаҳӣ

Шонаи он зулфи мънбрро чаҳ медонад ки чист

Ғунчаи ҳаргизи андалебиро даҳани пар зар накард

Бе басирати масрафи зарро чаҳ медонад ки чист

Ҳар киро бар сина ошиқ науфтодааст роҳ

Гармии саҳрои маҳшарро чаҳ медонад ки чист

Ҳар ки зери зулфи он рухсори анварро надид

Офтоби сояпарварро чаҳ медонад ки чист

Пеши булбули ҷои гул ҳаргиз намегирад гулоб

Ташнаи дидор , кавсарро чаҳ медонад ки чист

Сатҳёнро нест аз мағзи ҳақиқати итилоъ

Кафи замири баҳри ахзарро чаҳ медонад ки чист

Ташти оташ ҳар киро нагузошт бар сари офтоб

Қадари нахли сояи густарро чаҳ медонад ки чист

Нест огоҳии зи ҳоли ташнагони сероб ро

Хизри аҳволи Сикандарро чаҳ медонад ки чист

Тлхрўёнро намебошад зи халқи хуши насиб

Баҳри Аммони қадари анбарро чаҳ медонад ки чист

Ҳар ки соиби мисраӣ дар умри худ мавзун накард

Дарди ҷонкоҳи суханварро чаҳ медонад ки чист