Дидаҳои шармгин , дидан намедонад ки чист

Даст хоб олуд , гул чидан намедонад ки чист

Аҳли ғайратро намебошад забони арзи ҳол

Набзи ин бемор , ҷунбидан намедонад ки чист

Ҳар ки аз май тавба дар оғози умр худ накард

Дар ҷавонии пер гардидан намедонад ки чист

Ошкорои сина бар теғ шаҳодат ме занад

Захми ошиқи об дуздӣдан намедонад ки чист

Хомаи наққош агар гардад насими длгшо

Ғунчаи тасвир , хандидан намедонад ки чист

Даст густохӣ набошад ишқро дар остин

Андалеби маст , гул чидан намедонад ки чист

Ихтиёри худ ба даст беқарорӣ дода аст

Сайли роҳи баҳр пурсидан намедонад ки чист

Бас ки шуд афсурдагӣ аз сардии айёми ом

Мӯии оташи дида , печидан намедонад ки чист

намекунад бепарда ҳар айбӣ ки дорад дар либос

Ҳар ки чашм аз айб пӯшидан намедонад ки чист

Хоби ҳайратро нагардад пардаи ғифлати ҳиҷоб

Чашми худ ойӣна пӯшидан намедонад ки чист

Дар гузари зини олами пари шӯру шари соиб ки тухм

Дар замини шӯр болидан намедонад ки чист