Бода бедард дар майхона афлок нест
Дона бедом дар ваҳшати сарой хок нест
Осмон аз тлхкомиҳои мо осӯда аст
Ҳуққаи хашхошро дилгирӣ аз тирёк нест
Сода кун аз нақшҳо дилро ки ғайр аз содагӣ
Ҳеҷ нақшӣ дар хури ойӣна идрок нест
Гардани озодагони водии таҷред ро
Тавқи миннати ҳеҷ кам аз ҳалқа фитрок нест
Аҳли дилро ишқ аз хомӣ бурун ме оварад
Офтоби ин самари ҷуз рӯй отшнок нест
Решаи нахли умеди аҳли дил , чун гирдбод
Бар сар хокаст ҷавлонаш , вале дар хок нест
Аз лагадкӯби ҳаводиси соф табъон эминанд
Зери дасту по буд чандон ки хирман пок нест
Дар биҳишт афтод ҳар каси баст дар бар рӯй хеш
Ғунчаи тасвир аз боди хазон ғамнок нест
Май кашам чун бед аз биҳослиҳо инфеъол
Варна маҷнӯни маро аз санги Тифлон бок нест
Он ки гоҳе даст бар дилҳои ғамгин май наад
Дар риёзи офариниши ғайри барг ток нест
Дил ба чоки сина равшан кун ки ин кошона ро
Равзании соиб ба ғайр аз синаи сад чок нест