Ғофилонро эҳтиёҷи бода гулранг нест
Хоб чун афтод сангини ҳоҷат посанг нест
Барнаме ояд дили равшан ба рӯй сахти халқ
Ҷавшани Довӯдеи ойӣнаро чун занг нест
Аз шикаст эмин шавад ҳар кас ки худро бишиканад
Аз гули раънои хазони сангдилро ранг нест
Ҳар ки шуд маҳви ҷамол осӯда гардад аз ҷалол
Ҳеҷ парвои ошиқи девонаро аз санг нест
Ҷони огоҳ аз тани хокӣ кудурат ме кашад
Пой хоб олудро заҳмати зи кафш танг нест
Ҳар мухолиф дар наёбади нағмаи ушшоқ ро
Нолаи булбул ба гӯши биғмон оҳанг нест
Хорхори ошёнрогар зи дил берун кунад
Чори девори қафаси соиб ба булбул танг нест