Рӯй ҳафтод ва ду миллати ҷуз дар он даргоҳ нест
Олимӣ саргаштаанд ва ҳеҷ кас гумроҳ нест
Ақлро аз боргоҳи ишқ берун карда анд
Ҳар фузулии муҳаррами хилвати сарой шоҳ нест
Кардаам қатъи назар аз гарму сарди рӯзгор
Гул ба чашми равзанам аз офтоб ва моҳ нест
Дар мукофоти сипеҳри сифла оҷиз нестем
Дасти мо кӯтоҳ агар бошад , забон кӯтоҳ нест
Мо ба оби гавҳари худ , хона равшан ме кунем
Офтобу моҳро дар хилвати мо роҳ нест
Ҳар ки шуд девонаи ӣнҷо дар ҳисоб мардум аст
Дар диёри мо қалам бар мардум огоҳ нест
Содаи лавҳии роҳзанро май шуморади Хизри роҳ
Пеши чашми дурбинии як қадам бечоҳ нест
Мавҷ мумкин нест бедарё шавад сӯрат пазир
Ҳолаи оғӯши гардуни ҳаматон бемоҳ нест
Нест пурвои қиёмати он худои нотарс ро
Варна аз домони маҳшари дасти мо кӯтоҳ нест
Азлати мо ихтиёрӣ нест соиб дар ватан
Пардаи пӯшии Юсуфи моро ба ғайр аз чоҳ нест