Нест як шодӣ ки анҷомаш ба ғам пайваста нест
Аз лаби хандон ба ҷузи хӯн дар даҳон писта нест
Як дил осӯда натавон ёфт дар зери фалак
Дар бисоти Асияи як дона нашикаста нест
Дар раҳми атфол аз таҳсил рӯзӣ фориғанд
Монеъи ризқи муқаддари хона дарбаста нест
Аз сбкрўи нақш ҳайҳот аст монад бар замин
Раҳнавардиро ки бошад нақши по , оҳиста нест
Фориғаст аз имтидоди қатраҳои ашки ман
Он ки мегуяд гиреҳ дар ришта нагусаста нест
Аз мелаълӣ намегардад Бадахшони сина аш
Даст ҳар кас чун сабу дар зери сар пайваста нест
наме тавон раҳи барад аз симо ба кана ҳар касе
Шоҳидии гулзори рангинро ба аз гулдаста нест
Пеши мо соиб ки ҳар сайдӣ ба дом оварда ем
Ҳеҷ сайдӣ дар ҷаҳон чун маънӣ барҷаста нест