Дар риёзи офариниши хотир осӯда нест

Барги айши ин чамани ҷузи даст бар ҳам суда нест

Ханда гул медиҳад ёдии зи оғӯши видоъ

Дар баҳорони нолаи мурғи чаман беҳуда нест

Гарчи май резами зи мижгони ашки гарм , аммо чу шамъ

Дар саропои вуҷӯдами як раг нагушӯда нест

Теғи лангардор , сайлоб гаронсанг фаност

Чашми моро тоби он мижгони хоб олӯда нест

Булҳавасро обрӯе нест дар даргоҳи ишқ

Остони саракашони ҷои ҷабин суда нест

Бегуноҳӣ меравад дар хӯни шабнам ҳар саҳар

Чеҳраи хуршед бемӯҷиб ба хӯн андӯда нест

Хӯн ба ҷой шер меҷӯшад зи пистони субҳ ро

Вақти тифлии хуш ки дар маҳди замин осӯда нест

Раҳмат ҳақ мекунад холии дил аз исёни мо

Абри ин дарё ба ғайр аз доман олӯда нест

Ғунча тасвир меларзад ба рангу буии хеш

Дар риёзи офариниши як дил осӯда нест

наметавон хонд аз ҷабин , рози дили ушшоқ ро

Дар кафи аҳли қиёмат нома нагушӯда нест

Дасти зан дар доман бе ҳосилии соиб ки нахл

То самар дорад зи санги кӯдакон осӯда нест