Печу тоби он камар бо мӯии оташ дида нест
Мисраи печидаи зулфи ин қадар печида нест
Як дил осӯда натавон ёфт дар ин на садаф
Дар муҳӣти офариниши гавҳар санҷида нест
Фориғанд аз дору гири орзӯи озодагон
Сарвро бимии зи хор аз доман барчӣда нест
Синаи гарм аз дилами орому тоқат барда аст
Донаро осӯдагӣ дар тоба тФсидаҳ нест
наме тавон дар шери холис , мӯиро бепарда дид
Синаи софонро агар айбӣ буд пӯшида нест
Аз тасаннӯъи маънии барҷаста нозил ме шавад
Ҳеҷ айбии шеърро чун лафз бар ҳам чида нест
Аз дили шӯрида , ҳарфи оқилон ҷустан хатост
Рабтро корӣ ба авроқи зи ҳам пошида нест
Тан ба ҳар ташрифи ноқис кӣ диҳад нафаси шариф ?
Каъбаро соиби назар бар ҷома пӯшида нест