Ҷону дилро ройгони он душман ҷон барнадошт

Дайну имонро ба ҳеҷ он номусулмон барнадошт

Дар расоеи ҳалқаҳои зулф кӯтоҳӣ надошт

Гардани озодаи мо тавқ эҳсон барнадошт

Зон лаби ширин надодан дод мо инсоф нест

Хоҳиши мо аз ҷигар ҳар чанд дандон барнадошт

Гарчи хӯрдам ғӯтаҳо чун лола дар хӯни ҷигар

Нуқтаи бахти сияҳи дастами з домон барнадошт

Қадари хомӯшӣ чаҳ донад , ҳар ки аз теғи забон

Чун даҳон дар ҳар сухани захм намоён барнадошт

Дасти бедоди фалакро аҷзи мо кӯтоҳ кард

Гӯии мо аз сар ба роҳии захм чавгон барнадошт

Аз либоси мшкФоми каъба хунгармӣ надид

Ҳар ки захмӣ чанд аз хор муғелон барнадошт

Аз шукр ҳаргиз нахоҳад ноз маъшӯқӣ кашид

Мӯри мағрурӣ ки як ҳарф аз сулаймон барнадошт

Дар ғубор ангехтан чандон ки хат бедод кард

Холи кофари чашм азон лабҳои хандон барнадошт

Дили зи хуши қатраҳои ашк , соиб чок шуд

Миннати боди сабои ин нор хандон барнадошт