Ёди айёмам ки дар тани ҷони мо манзил надошт
Муваҷҷаҳи мутлақи Аннани мо ғам соҳил надошт
Пардаи бегонагӣ дар баҳри ваҳдати маҳв буд
Риштаи мӯ аз ҳубоби ин уқда мушкил надошт
Рӯзу шаб дар пардаҳои шарм худ мекард сайр
Лайлии саҳройии мо хона ва маҳмил надошт
Хуш нишин боғу бустон буд чун озодагон
Сарви мо аз тангнои ҷисм , по дар гул надошт
Хурдаҳои ҷони мо аз шавқ чун реги равон
Фикри даврӣу ғами наздикӣ манзил надошт
Барги айши мо зи эҳсони баҳори омода буд
Сарви мо аз бе барии бори ҷаҳон бар дил надошт
Дар баҳористон берангӣ , гул бе хори мо
Хор дар пероҳан аз андеша ботил надошт
На ғами абрӣ ва на пурвой барқӣ доштем
Ҳеҷ кас аз хонаи мо чашм бар ҳосил надошт
Буд дар дороломони хомшии осӯдаи дил
Шамъи мо андешаи фонӯс ё маҳфил надошт
Буд дар дороломони хомшии осӯдаи дил
Шамъи мо андешаи фонӯс ё маҳфил надошт
Кор бар мо чун ҳубоб аз худнамое танг шуд
Варна танагии раҳ дар он дарёӣ бесоҳил надошт
Навбаҳор бе хазони маърифат дар ҳеҷ аҳд
Булбулии оташи нафас чун соиб бедил надошт