Дасти мо чун сарви ҳаргизи бахт домоне надошт

Ҳаргизи ин беҳосил аз айём сомонӣ надошт

Ҳалқаи зулфат ба рӯй гарми оламро гирифт

Хотами давлат ба ин хӯбӣ сулаймонӣ надошт

Доғ , оби зиндагиро дар сиёҳӣ ғӯта дод

Юсуфи мисрии чунин чоҳ занхдонӣ надошт

Дар замон мо нашуд ҳамвори вазъи осмон

Тӯтии мо ҳаргиз аз ойӣна майдонӣ надошт

Дар раги абри карами ин кӯтаҳӣ имрӯз нест

Дафтари афлоки ҳаргизи мад эҳсонӣ надошт

То дили мо об шуд , борони ҳайрат ом шуд

Варна аз шабнами гулистони чашм ҳайронӣ надошт

Бар сафи нақши мурод он зад ки дар рӯй замин

Хонааш чун хонаи ойӣна дарбоне надошт

Пеши азин дар фикри зод охират буданд халқ

Ҳеҷ каси андешаи обу ғам ноне надошт

Гар намеомад ба рӯй кори олами оҳи мо

То қиёмати ин суфоли хушк , райҳонӣ надошт

Нақши умед аз дили мо шасти охири осмон

Ҳеҷ каси зини абри хушки умед боронӣ надошт

Ишқи соиби олами осӯдаро пар шӯр кард

Варна ин дарёии лангардор тӯфонӣ надошт