Чун зи дунёи неъмати алвон ҳавас бошад маро ?

Хӯни дил чандон намеёбам ки бас бошад маро

Мади оҳам , саркашӣ бо хештан оварда ам

Нестам оташ ки раъноеи з хас бошад маро

Аз дили сад пора ,гар сад сол дар ин хокдон

Зиндаи монам , порае ҳар сол бас бошад маро

То наёсоед нафас аз рафтану боз омадан

Рафтану боз омадан дар ҳар нафас бошад маро

Тарк афғон мекунам , то чанд дар ин корвон

Чун ҷараси фарёд бефарёдрас бошад маро ?

Гарчи умрӣ шуд зи мардуми хешро дуздида ам

Дар сар ҳар кӯчае чандин асас бошад маро

Гар зи дили беруни даҳуми хорӣ ки дорам дар ҷигар

Ошёни омода дар кунҷ қафас бошад маро

Зинда медорам ба ҳар навъе ки бошад хеш ро

Гар чу оташ аз ҷаҳони як мушт хас бошад маро

Боди соиби даъвии озодагӣ бар ман ҳаром

Гар ба ҷузи тарки ҳавас дар дил ҳавас бошад маро