Булбули хуш нағмаам , бо гул сухан бошад маро

Серумаи хомӯшӣ аз зоғ ва заған бошад маро

Аз навой хеш чун булбул шавад равшани дилам

Шуълаи овоз , шамъ анҷуман бошад маро

Нест бо ойӣна рӯй ҳарфи ман чун тӯтӣон

Ҳар куҷо бошам , сухан бо хештан бошад маро

Суҳбати ман гарм бо хуноба навашон ме шавад

Чун Суҳайли ин шӯхи чашмӣ дар Яман бошад маро

Дар фалохан мегузорад бесутунро теша ам

Корфармое агар чун кӯҳкан бошад маро

Бар намеояд садо дар гӯшаи хилвати зи ман

Беқарорӣ чун сапанд аз анҷуман бошад маро

наметавонам дод пушти худ ба девори қафас

Гар насими ошноӣ дар чаман бошад маро

Душмани носозро хунин ҷигар дорам ба сабр

намекунам гул , хор агар дар перҳан бошад маро

Оташ дӯзах шавад бар ман гулистони халил

Доғи ишқ ӯ агар зеб бадан бошад маро

Дар ҳавои ҳалқаи зулфаши ҳамон хӯн ме хӯрам

Гар қадаҳи нофи ғизолон хутан бошад маро

намекунам боди саборо ҳалқаи берун дар

Роҳ агар дар зулфи он паймон шикан бошад маро

Май барам гӯии саодат аз миёни ошиқон

Бар сари болингар он себ зқн бошад маро

Дар ғарибии қатраи ман об гавҳар ме шавад

Об дарёем ки талхӣ дар ватан бошад маро

Май занами худро бар оташ бар умеди пухтагӣ

Чун самар то кӣ раги хомӣ расан бошад маро

Марги натавонади зи кӯяши пои ман кӯтоҳ кард

Ҷомаи эҳроми соиб аз кафан бошад маро