То ғубори хат ба гирди оризаш манзил гирифт

Осмони ойӣнаи хуршедро дар гул гирифт

Ин қадари тадбир дар тасхири мо дар кор нест

Мурғи нўпрўози моро ме тавон ғофил гирифт

Пари буруни орад ба андаки рӯзгорӣ чун хаданг

Ҳар киро дарди талаби пайкони сифат дар дил гирифт

Даст густохӣ надорад хори саҳрои адаб

Варна маҷнӯн метавонад доман маҳмил гирифт

Сбҳаҳ аз реги равони созам ки дасти тоқатам

Суда шуд аз баси шумори уқда мушкил гирифт

Даст бардорад агар аз чашми бандии шарми ишқ

наме тавон аз як нигаҳи теғ аз каф қотил гирифт

Бетакаллуф метавонад лофи худдорӣ задан

Ҳар ки дар вақти хиром ӯ Аннан дил гирифт

Чун шарари рақси тараб дар ҷонфишонӣ ме кунам

Бас ки чун соиби зи авзоъи ҷаҳонам дил гирифт